Омбудсмени тоҷик – "виҷдони ҷомеа" бо дастони кӯтоҳ?
     TJ RU EN
10:38 / 2024-11-16

Омбудсмени тоҷик – "виҷдони ҷомеа" бо дастони кӯтоҳ?

Тоҷикистон даҳ сол пеш ниҳоди Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсонро таъсис дод. Бисёриҳо умед доштанд, ки ба фарёди худ фарёдрас пайдо карданд ва ба фарқ аз додрасу додситону пулис, Омбудсмен бештар аз мавқеи корафтодаҳо ҳимоят намуда, дарди дили онҳоро ба «боло» хоҳад расонд.

Вале коршиносон мегӯянд, дар даҳ соли гузашта ниҳоди Омбудсмен дар рӯи коғаз мустақил ва амалан зери фармони мақомоти расмӣ монд ва аз худ ҳеч «корнамоии фавқулода» нишон надод.

Ба бовари онҳо, будани ин ниҳод бештар ба нафъи мақомот аст, то ба созмону кишварҳои ғарбӣ бигӯяд, ки ба ҳуқуқи башар эҳтиром қоиланд, на ба фоидаи корафтодаҳо, ки аз беҳуқуқӣ ба «виҷдони ҷомеа» шикоят мекунанд, вале на ҳама вақт акси садо мегиранд.

Дар даҳ соли гузашта ниҳоди Омбудсменро Зариф Ализода раҳбарӣ мекард. Ӯ ҳафтаи гузашта аз мақоми худ озод ва мушовири ҳуқуқии президенти Тоҷикистон таъйин шуд. Зариф Ализода дар замони раҳбарии худ вуҷуди маҳбусони сиёсӣ ва шиканҷа шудани мухолифони ҳукуматро дар зиндон рад карда, паноҳҷӯии тоҷиконро дар Аврупо сиёсӣ намедонист ва на ҳамаи латту кӯбҳоро шиканҷа ҳисоб мекард.

Ҳоло ба курсии ӯ дар мақоми Омбудсмен Умед Бобозода такя задааст, ки пештар дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҳуқуқи байналмилалӣ дарс мегуфт ва солҳои охир дар Дастгоҳи иҷроияи президент кор мекард.

"Вазифаи худро дуруст иҷро намекунанд"

Юсуф Давронов, ҳуқуқдони тоҷик, мегӯяд, идораи Омбудсмен бо талаби созмонҳои байналмилалӣ ва маҳаллии ҳуқуқи башар ташкил шуд, аммо «вазифаи аслии худро, ки пуштибонӣ аз мардуми корафтода аст, дуруст иҷро накард»

“Дар ҳоле ки сокинон аз амалкарди мақомот шикояӣ мекарданд, ин ниҳод дар паҳлӯи корафтодаҳо набуд. Ё ҳангоми тасвиби қонунҳое, ки ҳуқуқ ва озодии инсонро маҳдуд мекард, хомӯширо ихтиёр менамуд”, - гуфт ӯ рӯзи 10-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, фаъолияти камранги ин ниҳод дар даҳ соли гузашта бовари мардумро ба мақоме бо номи «Омбудсмен» коҳиш додааст. Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ, низ мегӯяд, шахсан чанд дафъа барои кумак ба Омбудсмен муроҷиат кард, аммо ҳеч ҳосил нагирифт.

«Дар ду озмун барои ишғоли вазифаҳои холӣ иштирок кардам. Дар ҳаққи ман амалҳои ғайриқонуниро раво диданд. Аз ҷумла, дар Академияи илмҳо. Омбудсмен ҷуръат накард, ки ба ин қазия дахолат кунад. Ва рӯирост ишора намуд, ки ҳалли масъала аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста аст», - нақл кард ӯ.

Ҳакимов мегӯяд, Омбудсмени куҳна ва нав инсонҳои хубанд. Вале афзуд ӯ, одами хуб будан дигар аст ва масъулияти худро хуб иҷро кардан – дигар.

"Ба масъалаи ҳуқуқи инсон бетараф нестем"

Дар ин қатор онҳое низ ҳастанд, ки мегӯянд, дар баъзе масоил Омбудсмен бо онҳо ҳамкорӣ ва дар сурати зарурат ёрӣ мекард. Ин гуруҳ мегӯянд, Омбудсмен барои бе огоҳӣ бастани сомонаҳо ҷазо пешниҳод карда ва ҳамин тавр аз ҳукмҳои сангини додгоҳҳо норизоӣ карда буд.

Дилрабо Самадова, раиси созмони «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», низ мегӯяд, онҳо бо мусоидати Омбудсмен ба қисмҳои низомӣ роҳ ёфта буданд, то «мониторинг» гузаронанд.

Худи Омбудсмен ҳамеша аз худ дифоъ ва аз кораш тавсиф намудааст. Зариф Ализода, раҳбари пешини ин ниҳод рӯзи 31-уми январи имсол дар нишасти охирини хабарии худ гуфт, «барои ҳифзу риояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон корҳои мушаххасро ба анҷом расонидем.» Суҳайлӣ Қодирӣ, як масъули идораи Омбудсмен низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «ба масъалаи риояи ҳуқуқи инсон ҳеч вақт бетараф нестанд».

"Шеваи таъйину барканории Омбудсмен иваз шавад"

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз тарафи президент ва бо ризояти Маҷлиси Намояндагон таъйин мешавад. Як нафар ҳақ дорад, даҳ сол (ду давраи панҷсолӣ) раҳбари ин идора бошад.

Ба гуфти бархе аз соҳибназарон, шеваи таъйин ва барканории раҳбарияти ин ниҳод ба мустақилӣ ва фаъолияти он таъсир мегузорад ва ба тағйир ниёз дорад. Ойниҳол Бобоназарова, ягона довталаби зан ба мақоми президенти Тоҷикистон дар интихоботи соли 2013, гуфт, дар кишварҳои дигар Омбудсмен аз ҳисоби ҷомеаи шаҳрвандӣ аст ва тариқи озмун интихоб мешавад.

Ӯ гуфт, “Омбудсмен бояд ҳам бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳам ба ҳукуматиҳо такя кунад. Вале омбудсмени мо чунин нест. Он вазифаҳое, ки дар назди ин идора меистод, хеле афсӯс, иҷро карда натавонистанд. Давлат сохторҳои мухталифи интизомӣ дорад, ки аз он ҳимоя мекунанд, аммо Омбудсмен бояд аз мардум ҳимоя кунад.»

Ба ҷуз аз Қирғизистон...

Иршод Сулаймонӣ, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ниҳоди Омбудсмен дар бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон, рамзист ва аз истиқлоли зиёд бархӯрдор нест. Ва бино бар ин, ба гуфтаи ӯ, дасти онҳо барои ҳалли бисёре аз масъалаҳо, аз ҷумла шиканҷа ва парвандаҳои сиёсӣ кӯтоҳ аст.

“Ба ҷуз аз Қирғизистон, дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолияти омбудсменҳо якхела аст. Ин бештар ба табиати қудратӣ сиёсӣ дар минтақа бастагӣ дорад. Нафари наве, ки дар ин симат таъйин шуд имкон дорад, як миқдор фаъолияташро муассиртар намояд, вале гапи асосӣ ин аст, ки чунин ниҳодҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чандон аз мустақилӣ бархӯрдор нестанд”, - хулоса кард ӯ.

https://www.ozodi.org/a/29813187.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима